Баррасии 517 парвандаи экологӣ

Июль 30, 2012 08:24

Душанбе, 30 июл. (АМИТ, «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва идораҳои зертобеи он дар 6 моҳи аввали соли 2012 дар асоси санад ва меъёрҳои ҳуқуқии соҳавӣ 11 ҳазору 450 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронидааст,-иброз доштанд дар маркази матбуот ва иттилооти кумита ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар асоси санҷиш муайян шуд, ки садҳо субъектҳои хоҷагидор ба қонуншиканӣ ва вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ-экологӣ «Дар бораи муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб», «Дар бораи муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ» роҳ доданд. Дар натиҷаи санҷиш ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидор барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 18 ҳазору 708 пешниҳоди иҷрояшон ҳатмӣ дода шуд, ки то имрӯз 12 ҳазору 870-тои он иҷро гардидааст. Барои риоя накардани қонунгузориҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва меъёрҳои экологӣ 517 парвандаи мурофиавӣ ба маблағи 1 млн. 974,9 ҳазор сомонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла 1 парвандаи мурофиавӣ ба маблағи 631 ҳазор сомонӣ ба Суди иқтисодӣ, 40 парванда ба прокуратура ва 506 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба суд интиқол дода шуда, фаъолияти 37 субъектҳои хоҷагидор муваққатан қатъ карда шудааст.

Июль 30, 2012 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад