Баррасии ислоҳоти милитсия ва ҳолатҳои шиканҷа дар фаъолияти он
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Мизи мудаввар дар мавзӯи «Стратегияи ислоҳоти милитсия ва бартараф намудани ҳолатҳои шиканҷа дар фаъолияти милитсия» имрӯз ,13 июл дар Душанбе кори худро оғоз кард. Дар он вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов , сармутахассиси шӯъбаи кафолатҳои конститусионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Қодиров , Сафири САҲА дар Тоҷикистон Ивар Викки ва сардорони шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд. Дар мизи мудаввар Р. Раҳимов оид ба рафти ислоҳоти милитсия ва бартараф намудани шиканҷа дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ муфассал баромад намуда, зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти милитсия корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Аз ҷумла, дар шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ёрдамчии сардори шӯъба оид ба робита бо ҷомеа ташкил карда шуд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






