Баёни воқеият бозгӯи касбияти корманди ВАО
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи чорум аст, ки маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ дар маркази иттилооти васоити ахбори оммаи дохилию ҷаҳонӣ қарор дорад. Ҳодисаи мудҳиши шоми 21 июли соли ҷорӣ бавуқӯъомада (куштори сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ генерал Назаров А. С.) ва амалиёти ниҳодҳои қудратии кишвар ҷиҳати дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ашхоси гунаҳкори саркаш дар ҷомеа овозаҳои зиёди беасосро рӯи кор овард. Аз ин ҳодиса ва овозаҳои атрофи он баъзе расонаҳои хабарӣ мехоҳанд ба манофеи ғаразнок истифода бурда, рейтинги худро баланд бардошта, бозори фурӯши рӯзномаи худро гарм созанд. Барои чунин расонаҳо на манфиати халқу миллат ва на арзишҳои умумиинсонӣ қадру қимате надоранд. Онҳо бо ахбори беасос ва ғаразноки худ вазъиятро муташанниҷтар гардонда, ба манофеи бадхоҳони давлату миллат кор мекунанд. Ба гунаи мисол, дар баъзе рӯзномаю сайтҳо баромади Раиси ВМКБ Қодири Қосим дар назди ҷамъомадагони майдони шаҳри Хоруғ, ҷиҳати аз тариқи мусолиҳатомез, дар доираи қонунҳои амалкунанда, ҳал намудани масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ҷиноятсодирнамуда суханони Раиси вилоят беибо таҳриф гардидаанд. Гӯё Қодири Қосим дар вазъи ба вуқӯъомада худро гунаҳкор ҳисобида, омодагии худро барои ба истеъфо рафтан эълон намудааст. Ҳоло он ки Раиси вилоят дар назди ҷамъомадагон қайд карданд: « Биёед, ҳоло тамоми нерӯи худро барои мӯътадил гардондани вазъият дар шаҳри Хоруғ ва дар ҷаҳорчубаи қонун ҳал намудани қазияи ба амаломада равона созем. Пасон муайян кунем, ки дар ҳодисаи рухдода кӣ гунаҳкор аст. Агар ман гунаҳкор бошам, омодаам ба истеъфо равам». Аз ин рӯ, ёдовар мешавем, ки рисолати асосии рӯзномаю рӯзноманигор ин ба ҷомеа расондани ахбори дуруст мебошад, на барангехтани иғвою нифоқ. Маркази матбуотии Раиси ВМКБ








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






