Беҳбудӣ баъди муттаҳид шудани донишкадаҳо
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дастовардҳои илмии донишкада дар соли хониши гузашта назаррас буда, 4 нафар рисолаи докторӣ ва 17 нафар рисолаи номзади ҳимоя намуда, аз ҷониби ҳайати профессорону устодон 13 китоби дарсӣ, 11 монография, 17 васоити таълимӣ ва 8 дастури таълимӣ ба чоп расидааст,- иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев. Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи муттаҳид намудани ду донишкадаи дорои заминаи пуриқтидори зеҳниву моддӣ-техникӣ-Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон таъсис дода шуд.Мувофиқи сохтори нав дар ДМИТ 6 факултет амал менамояд: молия ва қарз; ҳисобдорӣ ва омор; иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ; муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ; менеҷмент ва ҳукуқи молиявӣ; технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, ки аз рӯи 32 ихтисос мутахассисонро тайёр менамояд. Донишкада дорои 24 кафедра, аз ҷумла 18 кафедраи тахассусӣ буда, раванди таълимро дар шакли таҳсилоти рӯзона ва ғоибона аз рӯи дараҷаи бакалавр, мутахассис, магистр ва маълумоти олии дуввум роҳандозӣ менамояд. Таълим дар донишкада дар шакли буҷавӣ ва шартномавӣ бо забони давлатӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.Бо мақсади истифодаи самараноки технологияи муосири таълим ва татбиқи он дар раванди таҳсил дар донишкада се бинои таълимӣ, 3 китобхона, ва 1 китобхонаи электронӣ, 10 лабораторияи компютерӣ, 1 кабинети лингофонӣ, 506 компютер, аз ҷумла 269 компютер бо шабакаи интернет пайваст шуда, 4 тахтаи электронӣ ва садҳо дигар воситаҳои техникии таълим мавриди истифода қарор дорад.Соли 2012 1258 нафар донишҷӯ донишкадаро хатм намуданд, ки 41 нафари онҳо соҳиби дипломи аълочӣ гардидаанд.Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли хониши 2012-2013 аз рӯи 27 ихтисос, ки 6 ихтисоси он соли аввал ба роҳ монда шудааст қабули довталабонро ба нақша гирифтааст. Соли хониши 2012-2013 донишкада қабули 23 нафар ҷавонону духтарони манотиқи дурдасти кишварро тибқи квотаи Президентӣ ба нақша гирифтааст.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






