Боварӣ ба бонкҳо бештар шуд
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бақияи пасандозҳои бонкҳои ҷумҳурӣ то аввали моҳи июн 4,5 млрд. сомонӣ, ки муодили 950 млн. доллари амрикоӣ мебошад, ташкил дод,- иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Бонки миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои манбаъ, бақияи пасандозҳо дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Зиёд шудани ҳаҷми пасандоз натиҷаи ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки дар асоси боварии пасандозкунандагон ба Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст.То 1-уми июни соли ҷорӣ 39,5 фоиз ё 1 млрд. 745,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 2 млрд. 673,4 млн. сомонӣ ё 60,7 фоизро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил доданд, ки ин бозгӯ аз боварии шахсони воқеӣ ба бонкҳо нисбат ба солҳои 2000 -2005 мебошад. «Баробари он ки пули мардум аз тариқи пасандоз дар бонкҳо беосеб нигоҳ дошта мешавад, ба онҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) бо фоизи гузошташудаашон фоида ҳам меорад»,- иброз намуданд дар шӯъбаи пасандозу қарзи Бонки миллӣ.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






