Иқдоми нави «Тоҷиксодиротбонк»
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Чандест, ки «Тоҷиксодиротбонк» барои дорандагони кортҳои плостикии бонк хидматрасониҳои иловагии Call- сентри 24 –соатаро амалӣ менамояд. Яъне, ин имкон медиҳад, ки мизоҷон аз ҳар гӯшаи мамлакат ва берун аз он дар соати дилхоҳ ба идораи марказии бонк (44) 600 40 40) занг зада, машварат гиранд ва мушкилоти амалиёти бонкиро осон намоянд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии бонки мазкур иттилоъ доданд, ки бонк хизматрасониҳои дигареро, аз қабили СМС-иттилоърасонӣ, санҷиши он-лайнии бақия, интиқоли воситаҳои пулӣ аз корт ба корт тавассути дастгоҳҳои бонк ва қарздиҳии имтиёзнок барои лоиҳаҳои музди кор роҳандозӣ намудааст. Аз рӯи иттилои манбаъ, «Тоҷиксодиротбонк» тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик интернет-банкингро барои шахсони воқеӣ амалӣ намояд, ки ин тадбир ба муштариён имкон медиҳад шабонарӯзӣ бо ҳисобҳои бонкии худ онлайн кор кунанд. «Дар ҳоли ҳозир “Тоҷиксодиротбонк” бузургтарин содиркунандаи кортҳои низоми пардохтҳои байналмилалӣ дар мамлакат мебошад, ки инро сертификатҳо ва шабакаи васеътарини банкоматҳо ва ПОС -терминалҳои бонк дар ҷумҳурӣ тасдиқ менамоянд. Феълан шабакаи банкоматҳо ва ПОС – терминалҳо саросари ҳудуди Тоҷикистонро фаро мегирад», — иттилоъ доданд аз бонк. Бонк кортҳои VISAElectron, VisaClassic, VisaGold -ро нашр мекунад ва бояд таъкид намуд, дар миқёси мамлакат ягона бонкест, ки интишори кортҳои VisaPlatinum, Visaprepaid ва VisaVirtual -ро амалӣ месозад. Бояд хотирнишон кард, ки Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Тоҷиксодиротбонк” тиҷорати кортҳои плостикиро аз соли 2003 шурӯъ намудааст. Бонк дар он солҳо аввалин узви вобастаи низоми пардохтҳои байналмилалии VISA гардида, бори аввал ба барориши кортҳои байналмилилӣ дар мамлакат ибтидо гузошт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд






