Ифтитоҳи боз як корхонаи нав дар Суғд

Июль 28, 2012 10:23

Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ бо иқтидори солонаи 10 ҳазор м² аз ҷониби ҶДММ «Ҷобири Собир» ба фаъолият шурӯъ намуд.  Сохтмони ин коргоҳ соли 2011 оғоз гардида, пас аз ворид намудани таҷҳизоти технологӣ аз Ҷумҳурии мардумии Хитой васлу насб гардид. Гуфта мешавад, маблағи сармоя 200 ҳазор долларро ташкил дода, корхона бо истифода аз конҳои оҳаксанги мармаршудаи «Далёни боло», «Такелӣ» ва «Навобод» истеҳсоли тахтасанг ав дигар маснуоти ороиширо ба роҳ мемонад.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.  

Июль 28, 2012 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш