Коргоҳи нави истеҳсоли мехи сохтмонӣ
Суғд, 9 июл. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Бо дастгирии молиявию техникии Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар корхонаи воҳиди давлатии «Садаф» — и шаҳри Хуҷанд коргоҳи истеҳсоли мехи сохтмонӣ бо номи «Симмех» ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин корхона партовҳои оҳану оҳанпораҳо дар хумдону хати технологӣ гудохта, симҳои бурришу диаметрашон гуногун истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсоли симҳои сохтмонӣ дар корхона 1000 тоннаро ташкил медиҳад. Дар хатҳои технологии коргоҳи нав мехҳои сохтмонии дарозиашон аз 60 то 150 миллиметра тавлид карда мешавад ва иқтидори истеҳсолии коргоҳ истеҳсоли 2 тонна мех дар як шабонарӯз буда, 15 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд. Маҳсулоти коргоҳи «Симмех» талаботи бозори дохилиро бо мехи сохтмонӣ то андозае таъмин ва воридоти онро аз хориҷи кишвар ҷилавгирӣ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






