«Корвони китоб» дар Бадахшон
Хоруғ, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Имрӯз «Корвони китоб», ки маҳз бо ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, вориди маркази ВМКБ — шаҳри Хоруғ гардид. Корвонро дар шаҳри Хоруғ муовини раиси вилоят, роҳбарони муассисаҳои фарҳангу Раёсати маориф, сокинони шаҳр, тарбиягирандагони боғчаҳои бачагонаи шаҳри Хоруғ истиқбол карданд. Роҳбари корвон Саидҷаъфар Сафаров – сардори корхонаи давлатии таъмин ва савдои китоб иброз дошт, ки 16 – уми июл дар ноҳияи Дарвоз базми китоб баргузор гардид. Дар ҳайати корвон инчунин дастаи ҳунарии «Сомон» таҳти сарпарастии ҳофизи мардумии ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Раҳмон шомил аст. Аъзои даста дар ин ҷо бо консерти пурмӯҳтаво ҳунарнамоӣ карданд. Рӯзҳои 17 ва 18 — уми моҳи июл чунин базми китоб дар ноҳияи Ванҷ ҷараён гирифт.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






