«Корвони китоб» дар Бадахшон

Июль 18, 2012 15:38

Хоруғ, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Имрӯз «Корвони китоб», ки маҳз бо ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, вориди маркази ВМКБ — шаҳри Хоруғ гардид. Корвонро дар шаҳри Хоруғ муовини раиси вилоят, роҳбарони муассисаҳои фарҳангу Раёсати маориф, сокинони шаҳр, тарбиягирандагони боғчаҳои бачагонаи шаҳри Хоруғ истиқбол карданд. Роҳбари корвон Саидҷаъфар Сафаров – сардори корхонаи давлатии таъмин ва савдои китоб иброз дошт, ки 16 – уми июл дар ноҳияи Дарвоз базми китоб баргузор гардид. Дар ҳайати корвон инчунин дастаи ҳунарии «Сомон» таҳти сарпарастии ҳофизи мардумии ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Раҳмон шомил аст. Аъзои даста дар ин ҷо бо консерти пурмӯҳтаво ҳунарнамоӣ карданд. Рӯзҳои 17 ва 18 — уми моҳи июл чунин базми китоб дар ноҳияи Ванҷ ҷараён гирифт.

Июль 18, 2012 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид