Маъюбону пиронсолон пайваста дастгирӣ меёбанд
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Маъюбон ва шахсони барҷомонда, ки бо амри тақдир дар хонаи пиронсолон умр ба сар мебаранд, пайваста мӯҳтоҷи дастгирӣ, ғамхорӣ, нигоҳубин ва меҳрубонӣ мебошанд. Бо мақсади расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат, хона-интернатҳо ва оилаҳои мӯҳтоҷ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона-интернати маъюбон ва пиронсолони «Батош»-и ноҳияи Турсунзода ёрӣ расонид. Тавре ки аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин навбат барои ташкили муҳити хонагӣ ба онҳо кати хоб (диван) тӯҳфа гардид. Ёдовар мешавем, ки Агентии назорати маводи нашъаовар аз соли 2001 то имрӯз ба хона-интернати «Батош» таҷҳизоти техникӣ барои рӯзғор, маҳсулоти хӯрокворӣ, дору ва дигар намуди маҳсулот ба маблағи қариб 100 ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ расонидааст. Хона-интернати «Батош» соли 1972 ба фаъолият оғоз намуда, айни ҳол дар он қариб 190 нафар бошандагони аз 26 то 90-сола аз тамоми гӯшаю канори ҷумхурӣ истиқомат доранд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






