Муҳокимаи стратегияи навбатии миёнамӯҳлат
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд бо иштироки мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва созмонҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ доир гардид. Дар он рафти таҳияи стратегияи навбатии миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015 дар доираи рушди Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва қадамҳои минбаъда баррасӣ шуд. Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев дар мавриди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳдошти некӯаҳволии мардуми кишвар изҳори ақида намуда, шарикони рушд ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриро ба фаъолияти босубот дар ин самт даъват намуд. Дар рафти ҷаласа ҳамчунин аз ҷониби коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои мунтазам коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва инкишофи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал манзур гардид.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






