Мулоқоти Э.Раҳмон бо сафирони як қатор давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сафирони кишварҳои Фаронса, Британияи Кабир, Олмон, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кордори муваққатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот доир ба вазъи кунунии шаҳри Хоруғ ва роҳҳои ҳалли қазияи бамиёномада гуфтугӯ сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳои қотеъ изҳор дошт, ки ҳадафи амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷиноятпеша, пеш аз ҳама қотилони Сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулло Назаров мебошад. Дар ин робита ахбори муфассали Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров шунида шуд. Дар мавриди амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хоруғ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дошт: «Тамоми чораҳо андешида мешаванд, то ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ силоҳ бар замин гузоранд ва ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ итоат намоянд». Дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ дар навбати худ изҳор доштанд, ки онҳо зарурати гузаронидани амалиёти зидди гурӯҳҳои ҷиноятиро хуб мефаҳманд ва изҳори умед карданд, ки амну оромии аҳолии осоишта таъмин карда хоҳад шуд ва тафтишоти аъмоли нафарони дастгиршуда мунсифона ва бо риояи қонунҳои миллию байналмилалӣ сурат мегирад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






