Нигоҳи нав ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Июль 5, 2012 11:23

Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Нашриёти ватании «Контраст» китоби нави мушовири калони Сарвари давлат оид ба сиёсати хориҷӣ, номзади илмҳои фалсафа Зафар Сайидзода таҳти унвони «Таҳаввулоти муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ташаккули сиёсати хориҷии он» -ро нашр намуд. Рисолаи илмӣ — сиёсии мазкур аз се боб иборат буда, бори нахуст шаклхои гуногуни густариши муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистонро дар даҳсолаи аввали солҳои баъди соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлили ҳамаҷонибаю маҷмӯӣ қарор медиҳад. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки ба сиёсати хориҷии бисёрсамтаи «дарҳои боз»-и Тоҷикистон тавассути баррасии авзалиятҳои геополитикӣ, ҳарбӣ ва тиҷоратӣ — иқтисодии давлати соҳибихтиёр баҳои амиқу ҷадид диҳад. Хонандагон имкон доранд аз китоби мазкур матолиби заруриро доир ба таърих, вазъ ва хусусияти муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон бо Русия, Чин, Эрон, инчунин кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои Ғарб ба даст оранд.Асари мазкур аз 568 саҳифа иборат буда, барои доираи васеи донишҷӯён, магистрантҳо, аспирантҳо, устодони мактабҳои олӣ ва дигар гурӯҳи хонандагон, ки ба сиёсати хориҷии муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд, тавсия дода мешавад.

Июль 5, 2012 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад