О. Оқилов: «Ба зимистон пурра омода шавед»

Июль 27, 2012 11:14

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов оид ба масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012 – 2013 машварати корӣ баргузор гардид.Тавре ки таъкид шуд, масъалаи ба таври мӯътадил ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани тирамоҳу зимистони солҳои 2012 – 2013 дар мадди назари роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ин мақсад қарори ҳукумати мамлакат ва нақшаи чорабиниҳо «Дар бораи сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012 – 2013» таҳия ва қабул гардидааст. Оқил Оқилов таъкид намуд, ки имконияту захираҳои мавҷуда барои дар сатҳи зарурӣ ва бе мушкилот гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода самаранок истифода гардида, барои ба пуррагӣ омода намудани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад. Дар машварат роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат вазифадор гардиданд, ки кори мунтазами ситодҳои фаврии амалкунандаро дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 таъмин намуда, барои таъмини хоҷагии халқ ва аҳолии мамлакат бо барқу гармӣ, афзун намудани шумораи нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ва ангиштсанг, таъмиру барқарорсозии дастгоҳу таҷҳизоти системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва омода намудани воситаҳои техникию нақлиёти роҳу роҳсозии мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Июль 27, 2012 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад