Оё Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо пазируфта мешавад?

Июль 6, 2012 09:50

Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дирӯз, 5 июл, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Парлумони Амрикоро бо сардории узви палатаи намояндагони Парлумони Иёлоти муттаҳидаи Амрико Дэн Бэртон ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои байнидавлативу байнипарлумонии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд. Таъкид шуд, ки нишондиҳандаҳо дар ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар сол то сол меафзоянд. Ҷонибҳо бо фарогирии масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ба нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории амнияту субот дар минтақа ва рушди иқтисодии Афғонистон низ баҳои баланд доданд.   Дэн Бэртон — узви Палатаи намояндагони Парлумони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки мулоқоти мо бо Эмомалӣ Раҳмон хеле самимӣ буд ва мо кӯшиш мекунем масъалаҳоеро, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор додем, ба ҳукумат ва Парлумони ИМА расонем, то ҷиҳати пиёда намудани онҳо мусоидат намоянд. Номбурда афзуд, ки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари калидӣ дар самти таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ саҳми бориз дорад ва мо умедворем, ки ин иқдоми Тоҷикистон дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин, Дэн Бэртон таъкид дошт, ки мо бо Президенти Тоҷикистон масъалаи пазируфта шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдоро мавриди муҳокима қарор додем ва ҷониби Амрико омода аст, ки дар ин самт ба Тоҷикистон мусоидат намояд. Тибқи иловаи Дэн Бэртон, азбаски Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари муҳиму калидист ва он бо бештари кишварҳо, махсусан бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, мо равобити худро бо Тоҷикистон беш аз пеш густариш хоҳем дод.Грегорий Микс — узви Парлумони ИМА иброз дошт, ки муносибат ва ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар оянда низ хубтару беҳтар ба роҳ монда мешавад ва ба ин васила байни ин ду кишвари бо ҳам дӯст қаробати бештар пайдо хоҳад шуд. Номбурда таъкид намуд, ки мардуми Амрико ва Тоҷикистон аҳлона метавонанд ҷиҳати кам кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза баранд. Грегорий Микс дар охири суханронии худ махсусан таъкид намуд, ки хуб мешуд, ҷавонони тоҷик ба Амрико ва ҷавонони Амрико ба Тоҷикистон сафар намуда, бо ин роҳ ҳам донишу малакаи худро васеътар намоянд ва ҳам аз таҷриба якдигар самаранок истифода баранд.

Июль 6, 2012 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст