«Пайванд» китоби нави сафирро чоп кард
Душанбе, 4 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Шеъри муосири Эрон» -чунин ном гирифтааст китоби тозанашри сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдўст. Китоби мазкур аз сўи Пажўҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Душанбе дар нашриёти «Пайванд» бо ҳуруфоти кириллӣ чоп шудааст. Дар китоб маълумоти мукаммал доир ба рўзгор ва осори 60 шоири муосири эронӣ гирд оварда шудаанд. Ҳамзамон, муаллифи китоб доир ба мақоми шеъру адаби форсӣ, хусусан ҳаёти адабии даврони Коҷориҳо, Паҳлавиён таҳти унвони «Нигоҳе ба давлати Коҷор», «Заминаҳои инқилоби машрутият», «Асри Паҳлавӣ», «Нимнигоҳе ба шеъру шоирони машрута», «Нигоҳе ба адабиёти асри Ризошоҳ», «Нигоҳе ба авзои адабии асри Муҳаммадризои Паҳлавӣ» матолиби ҷолиби таърихию адабиро ҷамъ оварда, пешкаши хонандагон намудааст. Дўстдорони шеъру адаби форсӣ имкон доранд аз ин китоб доир ба рўзгор ва осори шоирони эронӣ ба мисли Маликушшуаро Баҳор, Мирзода Ишқӣ, Фаррухии Яздӣ, Парвини Эътисомӣ, Нимо Юшиҷ, Аҳмади Шомлу, Фурўғи Фаррухзод, Сўҳроби Сипеҳрӣ, Нодири Нодирпур, Сиёвуши Касроӣ, Шаҳриёр, Симини Беҳбаҳонӣ ва соири шоирони муосири ин кишвар маълумоти кофӣ ба даст оранд. Алиасғари Шеърдўст дар радифи китоби «Шеъри муосири Эрон» боз муаллифи китобҳои «Чашмаи хуршед», «Ёдгори рўзгор», «Чашмандози шеъри муосири Тоҷикистон», «Омўзиши забони форсӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон», «Маҷлиснишини қудс», «Бўйи ҷон», «Нақши айём» мебошад. Маҳз бо дастгирии ў дар Тоҷикистону Эрон беш аз 200 китобу асарҳои шоирону нависандагон ва донишмандони тоҷик нашр гардидаанд. Хизматҳои Шеърдўстро дар бахши рушди фарҳанг ва шеъру адаб Ҳукумати Тоҷикистон қадр намуда, ўро ба унвони ифтихории корманди шоистаи Тоҷикистон мушарраф намудааст. Инчунин дар соли 2010 мавсуф ба унвони узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






