Пардохти андоз дар шакли электронӣ
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ҷиҳати беҳтар ва дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намудани андозсупорандагон бо тартиби дурусти истифодаи барномаи нави компютерӣ мулоқоти мутахассисони соҳа бо соҳибкорон доир гардид. Барои дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дар мақомоти андоз ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ба роҳ монда шудааст. Аз ин тартиб алакай шумораи муайяни андозсупорандагон истифода бурда истодаанд. Айни замон мақомоти андоз барои мавриди истифодаи ҳарчи бештари андозсупорандагон қарор додани ин тартиб бо андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамояд. Аз ҷумла, 21 июли соли ҷорӣ барои як қатор андозсупорандагон барномаи компютерии мазкур муаррифӣ шуд. Бояд гуфт, ки ҳангоми ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз зарурияти ташриф овардани андозсупоранда ба мақомоти андоз аз байн меравад. Эъломияҳои андоз, ки мутобиқи талаботи моддаи 71 Кодекси андоз дар шакли электронӣ пешниҳод мешаванд ба эъломияҳои андози дар шакли коғазӣ пешниҳодшуда қувваи баробари ҳуқуқӣ доранд. Пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ бо хоҳиши худи андозсупоранда сурат гирифта, ҳангоми дар фаъолияти андозсупоранда мавҷуд будани имкониятҳои барномавӣ ва техникӣ амалӣ мешавад. Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ шумораи зиёди андозсупорандагон ба тартиби истифодаи барномаи зикршуда фаро гирифта мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






