Проблемаҳои такмили қонунгузории бонкӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Фотима Қуватова).-Бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи корӣ барои солҳои 2011-2012 мизи мудаввар дар мавзӯи «Проблемаҳои такмили қонунгузории бонкӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ» бо иштироки намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои молявӣ баргузор гардид. Қайд гардид, ки ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи бонкдорӣ зарурияти таҳлили қонунгузории бонкиро дар шароити ҳозира тақозо менамояд. Ин раванд бояд бо назардошти такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи гражданӣ ва соҳибкорӣ, ки бояд такмил дода шавад ба роҳ монда мешавад. Дар вақтҳои охир якчанд қонунҳо дар соҳаи бонкӣ қабул карда шуданд, ки аз лиҳози мазмуни истилоҳоти ҳуқуқӣ коста буда боиси номуайянӣ дар истифода ва таҷрибаи амалияи ҳуқуқӣ гардидаанд. Аз ин ҷо минбаъд инкишофи қонунгузории бонкӣ бо назардошти Барномаи татбиқи Консепсияи инкишофи қонунгузории ҶТ дар соҳаи молия, андоз ва фаолияти бонкӣ аз 3 апрели соли 2012 ба роҳ монда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






