Проблемаи нарасидани омӯзгорони фанни суруд
Душанбе,13-июл. ( АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова )- Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро дар соли хониши гузашта 271 нафар хатм намуданд. Имрӯз бо хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ Ректори донишкада Аслиддин Низомов иброз дошт, ки шартномаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳу донишкадаҳои олии фарҳангу ҳунари шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Перм, Брянск, Якутск, Украина, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон баста шудааст. Соли хониши 2011-2012 дар донишкада тибқи квотаи президентӣ 116 нафар донишҷӯён таҳсил доштанд. Аз ин 20 нафар дар хобгоҳи президентӣ, 8 нафар духтарон дар хобгоҳи шаҳраки Гипрозем ва аксарияти донишҷӯёни тибқи квота дохил шуда, дар хобгоҳи донишкада зиндагӣ мекунанд. .Ҳамасола ин донишкадаро донишҷӯёни зиёд хатм менамоянд, аммо бо сабабҳои номаълум проблемаи нарасоии муаллимони фанни суруд ҳалли худро намеёбад.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






