Роҳи «Саховат» кай боз мегардад?

Июль 27, 2012 13:10

Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Моҳи сентябри соли равон роҳи мошингарди болои гузаргоҳи зеризаминии пиёдагардон, воқеъ дар кўчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори «Саховат», ки имрўзҳо сохтмонаш идома дорад, ба истифода дода мешавад. Насрулло Хайруллоев, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе мегўяд: «Алҳол дар сохтмони гузаргоҳ 80 нафар мутахассис ба таври шабонарўзӣ кор карда истодааст. Бояд тазаккур дод, ки гузаргоҳи мазкур на танҳо дар пойтахт, балки дар ҷумҳурӣ калонтарин гузаргоҳ маҳсуб ёфта, масоҳати умумиаш 2266 метри мураббаъ, дарозиаш 60,7 метр, паҳнояш 12 метру 80 сантиметр ва баландиаш 3 метр буда, дорои 10 адад зинапоя аст. Ҳамзамон дар он 25 нуқтаи савдо, 1 нуқтаи нозири минтақавӣ ва 2 нуқтаи хизматрасонии муҳандисӣ бунёд карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи май шурўъ гардида, маблағи умумии сохтмони гузаргоҳ 19 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаи гузаргоҳ аз сўи корхонаи воҳиди давлатии «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ»-и Вазорати нақлиёт ва коммунтикатсияи кишвар таҳия гардида, фармоишгари он Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе мебошад. Интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ то охири соли равон дар ин иншоот ба анҷом расида, гузаргоҳ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Июль 27, 2012 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад