Сафари варзишгарони тоҷик ба макони бозиҳои Олимпӣ
Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 3 июли соли равон тими мунтахаби боксчиёни Ҷумҳурии Тоҷикисон дар ҳайати се нафар — Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов бо роҳбарии мураббӣ Мирзо Шамсиев барои иштирок дар бозиҳои Олимпии Лондон-2012 ба шаҳри Лондон сафар карданд. Дар расми гусели варзишгарон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ба эшон иқболи варзишӣ таманно намуд. Ҳамзамон таъкид дошт, ки мардуми Тоҷикистон аз Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов медали тилло умедворанд. Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои Олимпӣ (Лондон-2012) муштзанони тоҷик Мавзуна Чориева дар вазни 60 кг ва Анвар Юнусов дар вазни 56 кг рақобат менамоянд. Варзишгарони тоҷик то оғози бозиҳои Олимпӣ дар шаҳри Лондон машқу тамрин менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки санаи 28 июли соли 2012 нахустин маротиба дар вазни 56 кг Анвар Юнусов ба рӯи ринг мебарояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






