Созишҳои судманд миёни ТАЛКО ва «Азералюминий»
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар»). — Зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон як зумра тавофуқоти муҳим барои рушди ҳамкории Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО) бо Корхонаи алюминийи Озарбойҷон «Азералюминий» ҳосил шуд.Мушаххасоти чунин ҳамкорӣ, аз ҷумла дар Ёддошти тафоҳум доир ба рушди ҳамкорӣ миёни ТАЛКО ва «Азералюминий» инъикос ёфтааст.Мутобиқи созиши сеҷонибаи ТАЛКО, «Азералюминий» ва ширкати амрикоии «Сокар Фостер Вилер» («Socar Foster Wheeler») бояд дар ҷануби Тоҷикистон як корхонаи коркарди нафт бунёд ёбад.Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба роҳбарони сохторҳои марбути кишвари худ дастур дод, ки ТАЛКО-ро бо кокси нафтӣ бо нархҳои имтиёзӣ таъмин намоянд.Илҳом Алиев бо изҳори ҳавасмандӣ ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Тоҷикистон ба роҳбарони сохторҳои дахлдори давлати худ ҳамчунин дастур додааст, ки лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистонро барои иштирок дар татбиқи амалии онҳо мавриди омўзишу баррасӣ қарор диҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд






