Таҷлили иди касбии кормандони БДА
Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ҳамасола 3 июл ҳамчун рӯзи таъсисёбӣ ва ташкили Раёсати бозрасии давлатии автомобилии мақомоти корҳои дохилӣ аст, ҳамчун иди касбии кормандони ин бахш таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана дирӯз дар РБДА ВКД чорабинии бошукӯҳ доир гардид. Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро бо иди касбиашон табрик гуфта, аз дастоварду натиҷаҳои хизматиашон ёдовар гардид.Аз ҷумла зикр шуд, ки ба забони давлатӣ тайёр кардани шаҳодатномаи ронандагӣ ва варақаҳои бақайдгирӣ, ба талаботи меъёрҳои байналмиллалии бехатарӣ ҷавобгӯй намудани аломатҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, бо техникаи замонавӣ, алалхусус дастгоҳҳои суръатсанҷи замонавӣ, санҷиши нургузаронии шишаи нақлиёт, ишорачӯбҳои ҷилодиҳанда, инчунин аз ҳисоби автомашинаҳои ҳозиразамон муҷҷаҳаз гардонидани парки автомобилӣ, аз дастовардҳое буданд, ки ба беҳдошти фаъолияти кормандони БДА мусоидат намуданд.Бахшида ба ин сана дар бинои Раёсати БДА ошёнаи 4- ум ба истифода дода шуд, ки аз ду толори машваратӣ ва маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ҳуҷраи тестӣ ва 8 ҳуҷраи хизматӣ бо тамоми таҷҳизот иборат мебошад.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






