«Тоҷик Эйр» ҳавопаймоҳои замонавӣ мехарад

Июль 19, 2012 15:08

Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ҷиҳати васеъ намудани нақшаи парвозҳо «Тоҷик Эйр» дар нимсолаи дуввум ифтитоҳи хатсайрҳоро ба самти Кобул, Дубай, Бангкок, Қарочӣ, Гуанҷоу ва Сеул дар назар дорад ва барои ифтитоҳи ин хатсайрҳо «Тоҷик Эйр» харидории ҳавопаймоҳои замонавиро ба нақша гирифтааст. Дар ин бора Исмоил Ғафуров, директори тиҷоратии ҶСК «Тоҷик Эйр» зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. И. Ғафуров ҳамчунин илова намуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи иловагӣ барои харидории ҳавопаймоҳои нав фаъолияти молиявию хоҷагидории «Тоҷик Эйр»-ро ширкати «Делойт ва Туш» мавриди санҷиш қарор додааст ва натиҷаи аудити байналмилалӣ рӯзҳои наздик муайян мегардад. Имрӯз дар тавозуни корхона 36 адад ҳавопаймою чархбол ба қайд гирифта шудааст ва аз ин теъдод танҳо 12-тои он мавриди баҳрабардорӣ ва 24 ҳавопаймои дигар дар нигоҳдории тӯлонӣ қарор дорад.

Июль 19, 2012 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад