Туркманистон гардиши мол бо Тоҷикистонро афзун карданист
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистону Туркманистон, Вазири молияи Ҷумҳурии Туркманистон Давлаткелди Содиковро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод ва савдо, молия, маорифу фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ баррасӣ гардид. Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Туркманистон дар оянда низ ҳамчун ду кишвари дӯст ҳамкориҳои худро дар бахшҳои мухталиф равнақ хоҳанд дод. «Масъалаи тақвият додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо ва афзун гардонидани интиқоли молу маҳсулот байни ду кишвар дар меҳвари мулоқоти мо қарор дошт», иброз дошт Давлаткелдӣ Содиқов. Номбурда афзуд, ки ҷониби Туркманистон омода аст, то ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо ҳар гуна чолишу хатарҳо, терроризм, экстремизм ва инчунин дар масъалаи рушди иқтисодиёти Афғонистон ва пойдории субот дар он бо Тоҷикистон ҳамраъю ҳампаймон бошад. Ба гуфти Давлаткелдӣ Содиқов дар соли 2011 гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркманистон ҳамагӣ 194 миллион долларро ташкил додааст, ки ин ҷавобгӯи тадаботи ҷонибҳо нест. Номбурда афзуд, алъон имкониятҳои мо дар самти содирот ва воридоти маҳсулот низ беҳтар гардидааст ва мо мекӯшем, то кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникиро ҷонноктар намоем. Сафари Давлаткелдӣ Содиқов ба Тоҷикистон дар ҳоле анҷом меёбад, ки дар назар аст ба наздикӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Туркманистон ташриф бурда, якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро ба имзо расонад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






