Қадршиносии Мавзуна дар Кӯлоб
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Кӯлобшаҳр, ки зодгоҳи барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон- 2012 Мавзуна Чориева мебошад, аз соати ғалабаи Мавзуна дар Лондон барои истиқболи ӯ омодагӣ гирифт. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нақшаи истиқболи қаҳрамондухтари тоҷик таҳия гашта, мутобиқи он роҳбарияти шаҳр дар якҷоягӣ бо кулли ҷамоатчигии шаҳр Мавзунаро дар даромадгоҳи шаҳр бо гулу гулдаста ва дафу най истиқбол мегиранд ва корвон тавассути кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба маҳалли зисти Мавзуна- кӯчаи Якуми Майи шаҳр раҳсипор мешавад. Ҳамчунин ба шарафи пирӯзии Мавзуна дар назди муҷтамаи меъмории 2700-солагии шаҳри Кӯлоб барномаи бузурги ҳунарӣ бо иштироки чеҳраҳои саршиноси санъати тоҷик, аз ҷумла Сурайё Қосимова, Гулчеҳра Содиқова, Меҳрнигори Рустам баргузор хоҳад шуд. Дар ин рӯз ба Мавзуна аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб калиди хонаи панҷҳуҷрадор супорида мешавад. Бояд гуфт ибтикори мақомоти маҳаллӣ дар қадршиносии Мавзуна Чориева охири кор нест. Чанд соҳибкори Кӯлоб низ аз омодагии худ дар эхдои тӯҳфаҳои хотиравӣ ба Мавзуна хабар доданд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб низ нақшаеро тартиб додааст, ки тибқи он дар ояндаи наздик вохӯрии Мавзуна Чориева бо ҷавонони шаҳр, донишҷӯёни макотиби олӣ ва муҳассилини макотиби миёна баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сухангӯи раиси шаҳри Кӯлоб Сӯҳробшои Фаррухшо иттилоъ дод.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






