Ҳалокати 27 нафар бар асари садама
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам) .-Аз 19 то 26 августи соли ҷорӣ дар роҳҳи мошингарди ҷумҳўрӣ 52 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 27 нафар ба ҳалокат расида, 62 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.Аз ҷумла, дар ноҳияи Ховалинг 24 августи соли 2012 соати 17.30 ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-21011» Алишер Мирзоев, соли таваллудаш 1988, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Шеҳмизон пиёдагарди ноболиғ Иброҳимов Нурмаҳмади шашсоларо зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Бештари ин садамаҳо бо сабаби истифода набурдан аз ҷойҳое, ки дар он ҷо аломати пиёдагард насб шудааст, убури роҳ аз ҷойҳои номуайян, истифода набурдан аз роҳҳои бехавфи зеризаминӣ аз тарафи пиёдагардон рух додаанд. Дар ин бора аз шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии Давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






