Ҷамъбасти «Суруди сол-2012»

Август 6, 2012 13:00

Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Аз 3 то 5 август дар шаҳри Хуҷанд фестивал-озмуни сарояндагони сурудҳои эстрадӣ таҳти унвони «Суруди сол-2012» баргузор гардид. Тавре ки сармутахассиси Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, барои иштирок дар фестивал 70 нафар ҳуҷҷати худро пешниҳод намуданд. Ба даври якуми озмун 20 нафар роҳхат гирифта, 12 сарояндаи ҷавон ба даври дуввум гузаштанд. Даври ниҳоии фестивал- озмун дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик (ба ҳайси меҳмон) баргузор гашт. Гран-прии озмун насиби Ғуломҷон Миргадоев аз ноҳияи Ҷаббор Расулов гардид. Ҷои аввал сазовори ду нафар -Рӯзиҷон Ваҳҳобова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Толиб Исмоилов аз шаҳри Хуҷанд гардид. Сазовори ҷои дуввум Парвиз Раҷабов аз вилояти Хатлон, Алишер Абдусатторов аз шаҳри Исфара ва Дамир Олимов аз ноҳияи Ғончӣ дониста шуданд. Мижгона Иброҳимова аз шаҳри Душанбе, Фарзона Давлатова аз шаҳри Чкалов, Сардор Солиев аз шаҳри Хуҷанд ва Акмал Воситӣ аз Исфара сазовори ҷои саввум гардиданд. Ҷоизаи таваҷҷӯҳи тамошобинон лоиқи Шодмон Сулаймонӣ-сокини ноҳияи Мастчоҳ дониста шуд. Ҷоиза барои услуби хоси сарояндагиро Аъзам Болтубоев аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даст овард. Ҷоизаҳоро ба ғолибон вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода тақдим намуданд.

Август 6, 2012 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад