Афзун гардидани маҳсулоти кишоварзӣ

Август 1, 2012 11:55

Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). -Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2012 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 3724,4 млн. сомониро (бо нархҳои ҷорӣ) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011-ум 6,5 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 1641,5 млн. сомонӣ ё ки 6, 5 фоиз зиёд шудааст.  Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 372254 тонна ғалла, 162970 тонна картошка, 241988 тонна сабзавот, 93249 тонна полизӣ, 46118 тонна меваҷот ва 1313 тонна ангур истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2011 полезӣ 10 фоиз, меваҷот 23,8 фоиз ва ангур 19,3 фоиз зиёд аст. Ҳамчунин дар заминҳое, ки ҳосили зироат ҷамъоварӣ шудааст, кишти такрории зироат сар шуд. То 1 июли соли 2012 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар 37685 гектар замин кишти такрории зироат гузаронида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давра соли гузашта 6 фоиз кам аст. Тибқи маълумот то 1 июли соли 2012 дар ҳамаи хоҷагиҳо саршумори чорвои калон 2003,1 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87,3 ҳазор сар ё 4,6 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 193,7 ҳазор сар ё 4,2 фоиз афзуд. Аз саршумори умумӣ 92,2 фоизи чорвои калон ва 81,5 фоизи гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд ва гӯшт дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 54750 тонна ё 6,7 фоиз, истеҳсоли шир 290130 тонна ё 5,5 фоиз ва истеҳсоли тухм 134136 ҳазор дона ё 9,7 фоиз зиёд истеҳсол шудааст. Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ муайян намудаанд, ки 152140 тонна хӯроки дурушт (ба ҳисоби воҳиди хӯрокӣ) захира шудааст, ки 24 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 1, 2012 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд