Барқияи шодбошии Э.Раҳмон ба А.Отамбаев
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Отамбаев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Мӯҳтарам Алмазбек Шаршенович,Аз самими қалб Шумо ва ҳамаи халқи Қирғизистонро бо солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон табрик менамоям. Тоҷикистон ният дорад баҳри истифодаи иқтидори ғании муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои мо, ки робитаи онҳо решаҳои амиқи таърихиро дорост, тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ диҳад. Ман аминам, ки ҳамкории байни давлатҳои мо минбаъд низ ба манфиатҳои халқҳои мо дар роҳи сулҳу субот ва пешравӣ ба таври рӯзафзун рушд меёбад. Бо истифода аз ин фурсати муҳим ба Шумо, мӯҳтарам Алмазбек Шаршенович, саломативу комёбиҳо ва ба халқи дӯсти қирғиз сулҳу беҳбудӣ таманно дорам. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






