Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Қонуни нави Парлумони Юнон Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар»).-Парлумони Юнон қонуне баровард, ки нафароне, ки аз пардохти андозпулии нав ҷоришуда саркашӣ мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Вале қонуни нав миёни мардум чандон дастгирӣ пайдо накард. Ба гуфти ҳукуматдорони Юнон қонуни нав боиси пешравии мамлакат мешавад. Масалан дар минтақаи сайёҳии Идраи Юнон соҳибмулки тарабхонае боздошт гардид, ки ба мизоҷони худ варақаи пардохтпулии таъомҳои истеъмолкардаро пешниҳод намекардааст.Чунин ҳолат норозигии мардумро ба миён оварда, боиси сар задани бетартибӣ гардида, барои ба эътидол овардани вазъият гурўҳи таъиноти махсус сафарбар шуд. Ҷониби мухолифин амали ҳукуматдоронро маҳкум намуданд. Пас аз зиёд шудани ҳаҷми андозпулиҳо сокинонро ин раванд сахт нороҳат намудааст ва он боиси сар задани ҳар гуна иғвоҳо мегардад.Таркиш дар ДоғистонДушанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар»).-Соати 6-00 субҳи имрӯз дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Дарбанди Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия таркиши вазнин ба амал омад. Ба гуфти роҳбари мақомоти полиси мамлакат моддаи таркандаи худсохт дар дохили манзили зист ба кор дароварда шудааст. Дар ин ҳодиса соҳибхона, ки ҷароҳати вазнин бардоштааст, гумонбар дониста мешавад. Пас аз гузаронидани тафтишоти фаврию ҷустуҷӯӣ аз манзили зисти ў миқдори зиёди силоҳ ва моддаҳои таркандаи худсохт мусодира шудааст. Фалокат дар ТотористонДушанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар»).-То ҳол бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Қазони ҷумҳурии Тотористон идома дорад. Ёдовар мешавем, ки дар ин минтақа чанд рўз боз боришоти зиёд ва обхезиҳои шадиди пай дар пай идома доранд. Дар натиҷаи боронҳои зиёд ва жола ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо мушкил гардида, садамаҳои нақлиётӣ бештар рух медиҳанд. Кормандони хадамоти коммуналӣ фаъолияти худро ба таври шабонарўзӣ идома медиҳанд, вале бо вуҷуди ин мушкилот ҳанўз ҳам зиёд аст.Тибқи маълумоти мутахассисони ҳавошинос боришоти борон ва обхезӣ дар Ҷумҳурии Тотористон боз чанд рўзи дигар идома хоҳад ёфт. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






