Чораҳои таъсирбахши сармоягузорӣ

Август 9, 2012 08:33

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нимсолаи аввали соли 2012 бо мақсади беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои таъсирбахши сармоягузориро амалӣ намуд. Кумита пеш аз ҳама «Барномаи беҳтаргардонии ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи истифодаи қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2015», пешниҳод оид ба ислоҳоти қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи қаъри заминро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ намуд. Дар ин давра лоиҳаи Қонун «Дар бораи қаъри замин ва истифодаи қаъри замин», лоиҳаи Қонун «Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин»-ро таҳия намуд. Ин тадбир имкон дод, ки воридоти сармоягузории мустақим танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ дар соҳаи саноат 4,4 млн. доллар, алоқа-43,4, сохтмон-2,6 ва хизматрасонии молиявӣ 10 млн. доллари амрикоиро ташкил диҳад. Дар айни замон 21 давлати ҷаҳон сармоягузории мустақимро ба Тоҷикистон идома медиҳад,- иброз дошт муовини аввали раиси кумитаи мазкур Анвар Наҷмиддинов ба мухбири АМИТ «Ховар».

Август 9, 2012 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад