Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст

Август 16, 2012 14:31

Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хайру сахо кардан дар арафаи иду ҷашнвораҳо ба ҳукми анъана даромадааст, зеро дастгирии табақаи ниёзманд, оилаҳои камбизоат ва кӯдакистону мактаб-интернатҳое, ки дар он кӯдакони ятиму бепарастор тарбият мегиранд, кори савобу хайр аст. Бинобар ин Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба табақаи ниёзманди кишвар ва кӯдакистону мактаб-интернатҳо кӯмак мерасонад.Ин навбат ин амали хайрхоҳона аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ба Хонаи кӯдакони рақами 2-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Кормандони ин ниҳод ба кӯдакистон ба миқдори муайян маводи ғизоӣ, шири хушк барои кӯдакони навзод, ғизои кӯдакона, орд, шакар, биринҷ ва шириниҳо тақдим доштанд.

Август 16, 2012 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш