Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамкорӣ бо мутахассисони чиноӣ ба мо фоида меорад»

Август 4, 2012 14:13

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тавре маълум аст, ноҳияи Ёвон яке аз минтақаҳои аграрии мамлакат ба шумор меравад, аз ин хотир потенсиали кишоварзии ин ноҳия дар сатҳи вилояти Хатлон қобили таваҷҷӯҳ буда, барзгарон дар ин минтақа ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин аз имконоти мавҷуда самаранок истифода мебаранд. Бо назардошти ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ин ноҳия аз фаъолияти якчанд хоҷагиҳои деҳконӣ ошноӣ пайдо кард. Боздиди Сарвари Давлат дар Хоҷагии деҳқонии «Абдураҳмонҷон» аз шиносоӣ бо нашъу намои пахта оғоз ёфт. Тавре зикр гардид, Хоҷагии мазкур аз 106 га замини обӣ иборат буда, аз соли 2003 фаъолият мекунад.Хоҷагидорон дар майдонҳои дар ихтиёраш буда соли ҷорӣ дар масоҳати 60 га пахта, 20 га гандум, 10 га юнучқа ва 5 га полезиҳо кишт намуда, дар майдони 7 га боғ бунёд кардаанд. Кишти такрорӣ бошад, 5 гектарро ташкил мекунад. Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҳамаи 60 саҳмдор аз ҳисоби заминҳои коркардшудаи дар ихтиёрашон буда, 5 сотиқӣ ва инчунин ба тарзи кофӣ бобати захираи хӯроки чорво мусоидат карда мешавад. Сарвари давлат бори дигар перомуни моҳияти захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ ва ҳам хӯроки чорво барои 2 соли оянда бо хоҷагидорон сӯҳбат ороста, ба масъулони бахши аграрӣ бобати истифодаи тухмиҳои серҳосил ва ба шароити маҳал мувофиқ дастуру супоришҳо дод.Хотиррасон мекунем, ки алъон дар Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба дар бахши кишоварзӣ як ҳайати мутахассисони Ҷумҳурии мардумии Чин фаъолият мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки мақсад аз ҷалби мутахассисони чиноӣ пеш бурдани соҳаи кишоварзӣ дар кишвар ва ба ин васила расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегиамон – таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки сармоягузорони чиноӣ дар он заминҳое фаъолият доранд, ки шӯразада ва аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. «Онҳо технологияи нав ворид мекунанд, таҷрибаи пешқадамро тарғиб ва ҳамкориро бо ҳамтоёни тоҷики худ таҳким мебахшанд»- иброз дошт Сарвари Давлат. Эмомалӣ Раҳмон ба олимони соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии мардумии Чин супориш дод, ки дар доираи шартномаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон бо мақсади истеҳсоли тухмиҳои хушсифат се маркази машваратии омӯзишӣ ифтитоҳ кунанд, то он мавзеи табодули таҷриба миёни олимони ҳар ду кишвар гардад. Дар асоси қарордоди дутарафа ба мӯҳлати 49 сол аз ҳисоби заминҳои ҷамоатҳои деҳоти ба номи Г. Юсуфова ва Даҳана бо мақсади ворид намудани технологияи нав дар соҳаи кишоварзӣ ва тухмии аълосифат, дар ҳаҷми 295 га замини обӣ ҷудо гардидааст. То ба имрӯз дар қитъаҳои мазкур 30 га пахта, 180 га ҷуворимакка, 15 га гандум, 1 га чормағзи заминӣ, 1 га сабзавот ва 57 га дигар зироатҳои лубиёгӣ кишт намудаанд.Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон феълан дар мамлакат беш аз 1200 га майдони ғаллазор мавҷуд мебошад, ки дар сурати саъйи бештар ба харҷ додану муваффак гардидан ва гирифтани 50 сентнер ғалла аз ҳар гектар, дар натиҷа 1млн 200 ҳазор тонна ғалладона ба даст хоҳад омад, ки ин кафолати таъмини 80 фоизи мардуми Тоҷикистон бо озуқа мебошад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин тадбирҳоро маҳз дар натиҷаи тақвияти ҳамкориҳо миёни олимони тоҷику чиноӣ метавон амалӣ кард. Бо мақсади коркарди заминҳо 9 трактори гуногунтамға, 2 комбайн, 2 булдозер, 1 экскватор, 6 адад фрезер, 50 адад плуг, 5 адад тухмипошак ворид гардидааст.

Август 4, 2012 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад