Фабрисио Франческо Виначия: «Бунёди корхонаҳои муштарак ба манфиати ҷонибҳост!»

Август 11, 2012 10:10

Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз, 10 август Сафири фавқулодда ва мухтори Ордени Малта дар Тоҷикистон Фабрисио Франческо Виначия баъди супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо намояндагони васоити ахбори омма чунин гуфт: «Мо ният дорем, то бо ҳамкории ҷониби Тоҷикистон барнома ва лоиҳаҳои муштаракро дар се заминаи асосӣ, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, мариф ва фарҳанг татбиқ созем.»  Дар Тоҷикистон бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаи саноати тандурустиро Сафири тозаинтихоби Ордени Малта ба нафъи ҳар ду ҷониб медонад, зеро ба гуфти ӯ беш аз 80 ҳазор мутахассисони соҳаи тибби Малта дар дигар кишварҳои ҷаҳон фаъолият доштаву таҷрибаи баланди касбӣ доранд. Фабрисио Франческо Виначия илова намуд, ки бо мақсади пешбуд ва пиёда намудани чунин иқдомҳои муштарак мо байни донишгоҳҳои кишварҳое, ки бо онҳо равобити дипломатӣ истиқрор намудаем, созишномаҳо ба имзо мерасонем. Аз ин хотир, дар рӯзҳои наздик ман мехоҳам бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бобат сӯҳбат дошта бошам- таъкид дошт сафири Малта.

Август 11, 2012 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад