Худсарии Валӣ то ба куҷо мебарад?

Август 23, 2012 10:51

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муайян карда шуд, ки шаҳрванд Валӣ Турдибоевич Абдураҳмонов, соли таваллудаш 1957, сокини деҳаи Айнабулоқи ҳамин ноҳия, моҳи июли соли ҷорӣ аз ҳудуди заминҳои чарогоҳи хоҷагии деҳқонии Чашмасор дар масоҳати 108 метри мураббаъ қитъаи заминро худсарона, беиҷозат ва бе ҳуҷҷатгузории расмӣ ишғол намуда, таҳкурсии бинои истиқоматӣ бунёд намудааст. Акнун Валӣ Турдибоевич Абдураҳмонов барои ин амали ғайриқонуниаш дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Август 23, 2012 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш