Хушнудии ҷониби Олмон аз роҳи ҳалли қазияи Бадахшон

Август 25, 2012 12:16

Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Азбаски масъалаи таъмини бехатарии минтақа дар меҳвари мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дирк Нибел қарор дошт, аз ин рӯ, Вазири ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон изҳори хушнудӣ намуд, ки қазияи дар Бадахшон баамаломада бидуни истифодаи яроқ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро ёфта истодааст.  Ба гуфтаи Дирк Нибел таъмини амнияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар самти коҳиш додани интиқоли маводи мухаддир ба минтақа ва ҷаҳон нақши бориз дорад ва Олмон дар ин самт бо Тоҷикистон ҳамкориҳои худро тақвият хоҳад дод. Ҳамчунин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дирк Нибел якчанд масъалаи мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Август 25, 2012 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш