Корвони пурбори кўмакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ВМКБ раҳсипор шуд
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар»).-2 — юми августи соли ҷорӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корвони навбатии кўмакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 82 мошини «КамАЗ» аз шаҳри Душанбе ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон раҳсипор гардид. Дар моҳи шарифи Рамазон корвони мазкур барои 8 ҳазор оила, аз ҷумла 7 ҳазору 900 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимону маъюбон, бепарасторон ва аъзои оилаҳои камбизоати шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ба миқдори 427 тонна орд, 158 тонна шакар, 198 тонна биринҷ, 158 тонна равғани растанӣ ва 80 тонна макарон, дар маҷмӯъ 1 ҳазору 20 тонна маводи ғизоӣ расонида шуд. Ғайр аз ин корвон барои 1 ҳазору 277 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони то синни 18 — сола ва ятимону бепарасторони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон либос ва кўмакҳои молиявӣ мебарад.Бояд зикр намуд, ки аз ин пештар тибқи дастури Сарвари давлат корвони саломатӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафар карда буд. Дар давоми моҳи июли соли ҷорӣ духтурони ботаҷрибаи бахшҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Рўшон, Роштқалъа ва Мурғоб ба зиёда аз 3 ҳазор нафар бемор кўмаки ройгони тиббӣ расонида, аз ҷумла 60 нафари онҳоро ҷарроҳӣ намуданд. Қобили ёдоварист, ки солҳои охир Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон» ба тасвиб расида, дар заминаи он «Барномаи ислоҳоти иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон барои солҳои 1995 – 2000» ва «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон то соли 2015» қабул гардид. Дар натиҷаи иҷрои як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба бунёди роҳу пулҳо, нерўгоҳҳои обии барқӣ, корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ таъсиси гузаргоҳҳои гумрукиву бозорҳои наздисарҳадӣ ба роҳ монда шуда, ҳазорҳо нафар сокинони вилоят бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардиданд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии кишвар ҷиҳати таъмини аҳолии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо нерўи барқ, рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат, дастрасии сокинони вилоят ба барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ, технологияҳои муосири иттилоотию иртиботӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет, алоқаи мобилӣ, тавсеаи муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ ва фарҳангию варзишӣ дастовардҳои назаррас ҳосил гардиданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинони вилоят таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин мақсад солҳои охир танҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа барои оилаҳои ҷавону эҳтиёҷманд 133 гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Рўзи 30-уми июли соли ҷорӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз боз 40 гектар замин барои тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои 272 оилаи ниёзманд ва дар ноҳияи Ванҷ 76 гектар барои 758 оила ҷудо гардид.Умуман барои 2 ҳазору 250 оилаи ниёзманд дар қаламрави вилоят замин ҷудо карда шуд, ки ин шароити манзилии зиёда аз 16 ҳазор нафар сокини вилоятро беҳтар хоҳад намуд. Дар давоми 2 — 3 соли охир дар 134 деҳаи дурдасти вилоят бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷавӣ дар масофаи қариб 400 километр хатти оби нўшокӣ сохта ба истифода дода шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






