Корвони пурбори кўмакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ВМКБ раҳсипор шуд

Август 2, 2012 14:25

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар»).-2 — юми августи соли ҷорӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корвони навбатии кўмакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 82 мошини «КамАЗ» аз шаҳри Душанбе ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон раҳсипор гардид.  Дар моҳи шарифи Рамазон корвони мазкур барои 8 ҳазор оила, аз ҷумла 7 ҳазору 900 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимону маъюбон, бепарасторон ва аъзои оилаҳои камбизоати шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ба миқдори 427 тонна орд, 158 тонна шакар, 198 тонна биринҷ, 158 тонна равғани растанӣ ва 80 тонна макарон, дар маҷмӯъ 1 ҳазору 20 тонна маводи ғизоӣ расонида шуд. Ғайр аз ин корвон барои 1 ҳазору 277 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони то синни 18 — сола ва ятимону бепарасторони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон либос ва кўмакҳои молиявӣ мебарад.Бояд зикр намуд, ки аз ин пештар тибқи дастури Сарвари давлат корвони саломатӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафар карда буд. Дар давоми моҳи июли соли ҷорӣ духтурони ботаҷрибаи бахшҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Рўшон, Роштқалъа ва Мурғоб ба зиёда аз 3 ҳазор нафар бемор кўмаки ройгони тиббӣ расонида, аз ҷумла 60 нафари онҳоро ҷарроҳӣ намуданд. Қобили ёдоварист, ки солҳои охир Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон» ба тасвиб расида, дар заминаи он «Барномаи ислоҳоти иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон барои солҳои 1995 – 2000» ва «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон то соли 2015» қабул гардид. Дар натиҷаи иҷрои як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба бунёди роҳу пулҳо, нерўгоҳҳои обии барқӣ, корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ таъсиси гузаргоҳҳои гумрукиву бозорҳои наздисарҳадӣ ба роҳ монда шуда, ҳазорҳо нафар сокинони вилоят бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардиданд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии кишвар ҷиҳати таъмини аҳолии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо нерўи барқ, рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат, дастрасии сокинони вилоят ба барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ, технологияҳои муосири иттилоотию иртиботӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет, алоқаи мобилӣ, тавсеаи муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ ва фарҳангию варзишӣ дастовардҳои назаррас ҳосил гардиданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинони вилоят таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин мақсад солҳои охир танҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа барои оилаҳои ҷавону эҳтиёҷманд 133 гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Рўзи 30-уми июли соли ҷорӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз боз 40 гектар замин барои тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои 272 оилаи ниёзманд ва дар ноҳияи Ванҷ 76 гектар барои 758 оила ҷудо гардид.Умуман барои 2 ҳазору 250 оилаи ниёзманд дар қаламрави вилоят замин ҷудо карда шуд, ки ин шароити манзилии зиёда аз 16 ҳазор нафар сокини вилоятро беҳтар хоҳад намуд. Дар давоми 2 — 3 соли охир дар 134 деҳаи дурдасти вилоят бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷавӣ дар масофаи қариб 400 километр хатти оби нўшокӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Август 2, 2012 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!