«Нафти Темурмалик»

Август 1, 2012 10:08

Суғд, 1 август. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Бо кӯшиши соҳибкор Мубинҷон Маҳмадҷонов дар вилоят корхонаи коркарди нафти ватанӣ бо номи «Нафти Темурмалик» таъсис ёфт, ки ба истеҳсоли маводи сӯхт нигаронида шудааст. Он дар ҳудуди 1,74 гектар пурра аз таҳкурсӣ сохта шуда,барои корҳои сохтмонӣ, хатҳои муҳандисию техникӣ ва васлу насби хатти технологии он 2,5 миллион сомонӣ маблағ масраф гардидааст.Хатти технологии «Сан-зан» истеҳсоли давлати Туркия мебошад ва иқтидори коркарди 30-35 тонна нафтро дар як шабонарӯз дорад. Маҳсулоти корхона-бензин, сӯзишвории дизелӣ,керосин ва мазут барои таъмини бозори дохилӣ пешбинӣ шудааст. Корхона имкон дорад дар 1 моҳ 150 тонна бензини навъи АП-80 ва то 300 тонна сӯзишвории дизелӣ истеҳсол ва бозори дохилиро таъмин намояд. Иқтидори лоиҳавии ҶДММ «Нафти Темурмалик»коркарди 650-700 тонна нафти хом дар 1 моҳ мебошад. Алҳол дар корхона 50 нафар коргару мутахассис ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.

Август 1, 2012 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад