Одамкушон дастгир шуданд

Август 28, 2012 11:14

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар куштор се шаҳрванд: Шералӣ Салимович Муродови 21- сола, Камолиддини Тошзода Субҳонқули 19- сола ва Шарифҷон Абдулазизи 22- сола, сокинони пойтахт дастгир шуданд. Номбурдаҳо рӯзи 26 августи соли ҷорӣ соати 23:30 дақиқа, дар назди тарабхонаи «Бешаи Палангон» бо Сорбон Бойназарович Музаффарбекови 20- сола, Даврон Додарбекович Нозимови 22- сола ва Ҷамшед Муҳаммадалиевич Ибодови 22- сола муноқиша карда, онҳоро латукӯб намудаанд. Шералӣ Муродов бо корд якчанд маротиба ба узвҳои бадани Сорбон Музаффарбеков задааст. Дар натиҷа С. Музаффарбеков ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта. дар беморхона ҷон бохтааст.

Август 28, 2012 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш