Партовҳои сахти маишӣ коркард мешаванд

Август 6, 2012 08:22

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар миқёси ҷумҳурӣ 65 адад партовгоҳҳои сахти маишӣ вуҷуд дорад. Бо мақсади ташкилу коркарди ин партовҳо КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» лоиҳаи инвеститсиониеро таҳия намуд, ки он  аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфтааст,- иброз дошт сардори маркази матбуоти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Саидмаҳмуд Cаидҳамидов ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар айни замон безараргардонии партовҳо дар Душанбе, Хуҷанд ва Ёвон ба роҳ монда шуда, дар дигар партовгоҳҳо қисман ташкил карда шудааст.Дар вилояти Хатлон аз 22 корхонаи коммуналӣ танҳо 18-тои он дорои партовгоҳ аст.Баҳри иҷрои супориши Ҳукумати ҶТ аз 16-уми июли соли 2010 «Доир ба ҷудо намудани замин барои ташкили партовгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Бохтар, Шаҳритус ва Носири Хисрав», танҳо дар ноҳияи Бохтар замин барои партовгоҳ ҷудо карда шудаасту халос.Чунон ки дида мешавад, макомоти маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои зикршуда дар иҷрои супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳлангорӣ зоҳир мекунанд, ки он боиси кашолкорӣ дар ҷудо намудани замини партовгоҳҳо мебошад.Дар вилояти Суғд бошад аз аз 17 корхонаи коммуналӣ 11-тои он ҳуҷҷатҳои худро барои ҷудо намудани замини партовгоҳ омода сохта, боқӣ 6 корхонаи коммуналӣ то имрӯз сертификати истифодабарии замини партовгоҳро надорад, ки ин боиси нигаронии роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» гардидааст.

Август 6, 2012 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад