Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар»).- 13 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 105 нафар кадрҳоро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти судии ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Дар оғози мулоқот фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани кадрҳои ин соҳа қироат карда шуд. Ҳамин тариқ 42 нафар коромӯзони соҳа бори нахуст ба вазифаи судя таъин карда шуданд, ки 13 нафари онҳо занону духтарон мебошанд. Ҳамагӣ 24 нафар занону духтарон имрӯз ба вазифаҳои гуногун дар мақомоти судӣ таъин шуданд, ки нишона аз татбиқи босамари сиёсати баланд бардоштани мақоми ҷинси латиф дар ҷомеа мебошад. 63 нафар кадрҳои роҳбарӣ ва судяҳои мақомоти вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, аз ҷумла раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Мурғоб, Темурмалик, Носири Хусрав, Сарбанд, Қумсангир, Ваҳдат, Роғун, Файзобод, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, Раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо онҳо аз воқеаҳои нангини ба ҷинояту қонуншиканӣ даст задани худи кормандони суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ёдовар шуда, аҳли нишастро ба кори содиқонаю софдилона, риояи адолати судӣ ва сазовор будан ба боварию эътимоди роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми кишвар ҳидоят намуд. Тавре таъкид гардид, «вазифа бо амру фармон дода мешавад, вале соҳиби обурӯ ва ҳурмату эҳтиром шудан танҳо ба кирдору рафтор ва муносибату муоширати худи соҳибмансаб вобаста аст».Аҳли нишаст аз 100% зиёд карда шудани маоши кормандони мақомоти судӣ дар соли 2011, афзун гардидани воҳидҳои штатӣ ва дигар дастгириҳои роҳбари давлат аз ин соҳа ёдовар шуда, уҳдадор шуданд, ки барои сазовор будан ба мақоми судя ва дигар вазифаҳои ин соҳа пайваста ҷаҳду талош хоҳанд кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






