Убайдуллоев бо нахустин Епископи душанбегӣ мулоқот кард
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дирӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе Епископ Питерин, сардори калисои православиянҳои рус ва Епископи душанбегӣ ва умумитоҷикистонӣ, ҳамчунин Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон ва Митрополит Викентий, сардори ҳавзаи Осиёимиёнагии Метрополити Калисои православии русро ба ҳузур пазируфт. Шавкат Саидов сардори маркази матбуоти раиси шаҳр гуфт, ки аснои мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев Епископ Питеринро, ки бинобар бори нахуст дар ҳавзаи Осиёимиёнагии Метрополити Калисои православии рус таъсис ёфтани вазифаи Епископи душанбегӣ ва умумитоҷикистонии калисои православиянҳои рус ба ин симмат таъин гардидааст, шодбош намуда, изҳори боварӣ кард, ки идомаи фаъолияти ӯ ба ин вазифа ҷиҳати таҳкими фазои ҳамзистии осоиштаи мӯътақидони дини насронӣ ва кулли пайравони дину мазҳабҳои гуногун, ки дар шаҳри Душанбе иқомат доранд, мусоидати бештар менамояд. «Митрополит Викентий ва Епископ Питерин аз пазироӣ ва мӯҳтавои сӯҳбати анҷом гирифта бо раиси шаҳри Душанбе изҳори сипосмандӣ намуда, афзуданд, ки ҷониби онҳо тамоми зарфиятҳояшро баҳри густаришу тақвияти ҳамзистии осоиштаи пайравони дини насронӣ бо дигар намояндагони таркиби иҷтимоию адёнии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон сафарбар хоҳанд кард»,-афзуд манбаъ.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






