«Ёқут-2000» ҳоҷиёни тоҷикро рақамгузорӣ мекунад

Август 16, 2012 14:37

Душанбе,16 август. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).- Корхонаи дӯзандагии «Ёқут-2000» барои зоирини тоҷик 6200 дона борхалта омода намуд. Бино ба гуфти Абдуҳалим Қодиров, директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут -2000», ҳар кадоме аз ин ҷомадонҳо ва борхалтаҳои китфандоз ба ҷуз акси парчами Тоҷикистон, ҳамчунин рақами мушаххас дорад.Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ, ки беш аз 2 миллион зоир аз гӯшаю канори олам ҷамъ меоянд, зоирини тоҷик ҳамдигар ва борхалтаи хешро гум накунанд.Дар сурати гум шудан ҳам аз рӯи парчами Тоҷикистон ва рақами мушаххас дарёфт кардани ҳоҷии тоҷик осон хоҳад шуд. Дар айни замон ин маҳсули «Ёқут-2000» омодааст ва як миқдори иловагии борхалтаҳо бе тамғаю рақам ба фурӯши озод бароварда шудааст.

Август 16, 2012 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд