Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон озими Ню-Йорк шуд
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 67-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУ СММ) озими шаҳри Ню-Йорк шуд.Дар назар аст, ки Вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи МУ СММ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, дар чанд чорабинӣ дар чаҳорчӯби иҷлосия барпошаванда иштирок мекунад. Инчунин дар ҳошияи иҷлосияи 67-уми МУ СММ вохӯрии Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкориҳои Осиёӣ баргузор мегардад, ки зимни он Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми раисиро дар Муколома аз давлати Кувайт қабул мекунад. Дар чаҳорчӯби сафари кории вазир ба Ню-Йорк, инчунин мулоқотҳои ӯ бо роҳбарияти СММ ва ҳамтоёнаш аз кишварҳои алоҳида баргузор хоҳанд шуд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






