Ҷамъбасти озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Тоҷикистон»
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 15 сентябри соли равон дар боғи «Ирам» дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Агентии Тоҷикстандарт Бахтиёр Шукуров иттилоъ дод: «Мақсади мо, пеш аз ҳама таъмини нақши муассиру самарабахш ва татбиқи барномаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат ҷиҳати пешрафту тараққиёти ҷумҳурӣ ва табдил додани мамлакат ба давлати тараққикардаи дунявӣ, ки барои ҳар як фарди ҷомеа шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро таъмин месозад, мебошад». Вай афзуд: «Мо барои он фаъолият дорем, ки дар бозори истеъмолӣ маҳсулоти хушсифат ва бештар истеҳсоли ватанӣ бошад. Ҳадаф аз ин чорабинӣ қабл аз ҳама мусоидат ба рушди устувор ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад. Ҳамзамон, ин амал ба муаррифии имкониятҳои истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ нигаронида шудааст». Чунин озмун дар кишварамон бори сеюм аст, ки баргузор мегардад. Дар ташкили озмун як силсила вазорату идораҳо дар доираи ваколатҳои худ саҳм гирифтанд. Аз ҷумла, Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Марказҳои минтақавии Тоҷикстандарт, мақомоти иҷроияи ҳукуматҳои вилоёт ва шаҳри Душанбе, Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот». Даври аввали озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо ширкати фаъолонаи соҳибкорони ватанӣ гузашт ва натиҷаҳои дилхоҳ дод. Озмун аз рўи якчанд номгӯй баргузор гардид: маҳсулоти озуқаворӣ, маҳсулоти саноатӣ ва маснуоти ҳунарҳои халқӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии сартарошхонаву меҳмонхонаҳо, туризм ва саёҳат. Бояд гуфт, ки ғолибони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҶСК «Авитсенна», нӯшокии гайриспиртии «Микс», ҶДММ «ШОМ», ҶДММ «Офсет», КВД «Зари Кӯлоб», ҶДММ «АВИС СИТИ» ва соҳибкори инфиродӣ Зулайхо Хокироева аз ҶСК «Суман», соҳибкори инфиродӣ Б. Наҷмидднов, чеварон Мукаррам Усмонова ва Бисолиҳа Ҳакимова, ҳунарманди миллӣ, зардӯз ва гулдӯз Нурихон Ибодуллоева, Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ба номи «Хоҷа усто Алӣ» ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳаёт» интихоб гардиданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






