Ҷопон соҳаи тандурустии Суғдро инкишоф медиҳад

Сентябрь 18, 2012 16:03

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз Ҳироюки Имаҳаши, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азимбой Азизов, раиси ноҳияи Ашт, созишномаи грантӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи инкишоф додани беморхонаи минтақавии шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ашт»-ро ба маблағи 115,021 доллари ИМА ба имзо расониданд. Ҷумҳурии Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо мақсади дастгирии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи он, барои сохтани бинои замонавии тиббӣ маблағ ҷудо намуд. Филиали беморхонаи марказии ноҳияи Ашт дар шаҳраки Дӯстӣ ҷойгир буда, аз шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, терапевтӣ ва гинекологӣ иборат аст.Ҳар сол тақрибан 6000 нафар бемор аз шаҳраки Дустӣ дар ин беморхона табобат мегиранд, ки 46%-и онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон дар беморхона дар айни замон танҳо 2 шӯъба: шӯъбаи кӯдакона ва занона вуҷуд дорад, ки табобат дар онҳо дар шароити номусоид ва ба талабот ҷавобгӯй набуда, гузаронида мешавад. Бинои нав бо 13 ҳуҷра дар чаҳорчӯбаи кӯмаки бебозгашт- грант сохта мешавад ва баъди пурра ба истифода додан он ба беморхонаи минтақавӣ табдил меёбад. Ин маркази тиббӣ бо 24 ҷойи тиббӣ таҷҳизонида шуда, ба кӯдакон ва занони шаҳраки Дӯстӣ хизмати хуби замонавӣ хоҳад расонид. Беморхонаи нав ҳамзамон бо шароити зарурӣ барои гузаронидани ҷарроҳӣ таҷҳизонида шудааст. Хизматрасонии хуби тиббӣ барои беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардуми ноҳияи Ашт равона гардидааст.

Сентябрь 18, 2012 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад