Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Ислом Каримов
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба муносибати солгарди истиқлолияти ин кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:«Мӯҳтарам Ислом Абдуғаниевич!Солгарди истиқлоли миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ман имкони муносибе фароҳам меорад, то Шумо ва халқи кишвари Шуморо бо ин санаи таърихӣ табрик намоям.Тоҷикистон ҷонибдори мутмаини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созандаи байни ду кишвар, ки ба усулҳои эътимоди мутақобила, ҳуқуқи баробар ва эҳтироми ҳамдигар, анъанаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, боқӣ хоҳад монд. Мо бовар дорем, ки чунин ҳамкорӣ на фақат ба манфиати кишвару халқҳои мост, балки умуман ба манфиати минтақа низ хизмат мекунад. Дар ин рӯзи таърихӣ ба Шумо, мӯҳтарам Ислом Абдуғаниевич, сиҳатмандию комёбиҳо, ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям.»
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






